Дарсхойи муқаддамотий/ дарси аввал: дин чист? Секуляристхо аз мо чи дини мехоханд?

Дарсхойи муқаддамотий/ дарси аввал: дин чист? Секуляристхо аз мо чи дини мехоханд?

(6- қисмат)

Истелохи дин дар адабиёти араб ва оёти қуръон:

Имруза бар халофи асри нубувват ва хатто қуруни баъди аз он мо мажбурем алфоз ва истелохот ва мафохими чун илох, роб, тоғут, дин, мушрик ва …….ро ба унвони муқаддамайи вуруд ба мабохиси аслий тўвзих дихемки дар асри нубувват барои хар инсони бо савод ва бесаводики росулуллох саллаллоху алайхи васаллам уро ба ислом даъват мекард  қобили дарк ва ламс буд чун қуръон бо забони сода ва ба забони онхо нозил шуда аст.

Каламайи “дин” дар шариати пайғамбар хотам саллаллоху алайхи васаллам ришайи арабий дорад на лотиний, на хиндий ва чиний ва эроний. Барои хамин чорайи нестки жихати шинохти он, бояд  ба манобеъи арабий ва динийи он мурожаъа кард. Танхо дар сурати шинохти дақиқи “дин” аз манобеъи аслий метавон фахмидки ин вожа чи интизороти аз мухотибини худ дорад.

Ба қовли ибни форс,”дин” аз жинси фармонбурдорий ва фурутаний аст. Замоники барои ек араб, каламайи дин зикр мешуд чохор маъниро барои худиш тажассум мекард:

1-Ба маънийи чийрагий, қудрат, хукмроний, фармонравойи, касиро ба зур мажбур ба итоат кардан, ба коргирийи қуввайи қохира, ба бандагий кашидан ва мутиъ сохтан. Дар ек калама, “қудрати хокимият”.

Замоники мегуянд: данан наса: яъни мардумро мажбур ба итоат аз худиш кард. Хамчунин дар панди омузанда омада аст:

الْكَيِّسُ مَنْ دَانَ نَفْسَهُ وَعَمِلَ لِمَا بَعْدَ الْمَوْتِ.

Яъни :одами заранг, каси астки бар нафси худ мусаллат шавад ва онро роми худиш кунад ва барои баъди аз марг бикушад. Алова бар ин, дар каломи араб, хокимироки истийлойи комил бар ек кишвар, миллат ё қабила дошта бошад “дайян” мегуянд ба маънийи қудрат ва хокимият , дар ек калама :қудрати фармонравоий.

2-Шаръ, қонун, барнома, одоб ва русум, арзишхо, боядхо, тариқат, мазхаб, одат, миллат. Дар ек калама ба маънойи “қонун ва барнома”.

 ما زالَ ذلک دینی:

Яъни он кор хамвора расм ва одати ман аст. Дан, замоники гуфта мешавадки шахси ба кори хейр ё шар одат пейдо мекунад. Омадаки:

کانت قُرَیشُ ومَنْ دانَ بِدِینِهم.

Яъни: қурайш ва хар касики бар рох ва равиш ва одати онон бошад. Хамчунин дар гуфтори дигар омада астки:

أنه علیه السلام کان علی دین قومه.

Яъни: пайғамбари хотам саллаллоху алайхи васаллам қабли аз баъсат (дар умури монанди издивож, талоқ, ирс ва соири умури маданий ва ижтимоий) тобеъи худуд, муқаррарот ва қавонини қовми хувиш буд.

3-Итоат, бандагий, хидмат кардан, комилан дар ихтиёри каси будан, фармонбурдорий кардан, пазирофтани зиллат, хузуъ кардан дар баробари қудрат ва сайтарайи фарди хос. Дар ек калом яъни “итоат кардан ва фармонбурдорий кардан”.

 دِنتُهُم فدانوا:

Бар онон тасаллут ёфтамки дар натижа аз ман итоат карданд; ва бо хамин маъно дар хадиси хавориж омада астки пайғамбари хотам саллаллоху алайхи васаллам фармуданд:

«یَمْرُقُونَ مِنْ الدِّینِ کَمَا یَمْرُقُ السَّهْمُ مِنْ الرَّمِیَّةِ»

Яъни: хавориж аз дин хориж мешаванд ончунонки тир аз камон хориж мешавад. Маънойи хадис ба ин шикл нестки хавориж ба тури куллий аз дин ба маноъйи миллати (ислом) хориж хоханд шуд ва муртад мешаванд; чун замоники аз Али ибни Аби Толиб розиаллоху анху пурсидандки: оё хавориж кофар буданд? Дар посух гуфт: онон аз куфр фарор карданд. Ва боз хам пурсидандки оё хавориж мунофиқ буданд? Гуфт: мунофиқон, худоро бисёр кам ёд мекунанд дар холики онон субх ва шаб ба зикри аллох машғуланд. Аз ин фармудахойи Али ибни Аби Толиб розиаллоху анху ба хубий маълум мешавадки дар инжо, мурод аз вожайи дин, итоат бар имоми бар хақ аст, итоат ва фармонбурдорий кардан.

(идома дорад…….)

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *