Дарсхойи муқаддамотий/ дарси аввал: дин чист? Секуляристхо аз мо чи дини мехоханд?

Дарсхойи муқаддамотий/ дарси аввал: дин чист? Секуляристхо аз мо чи дини мехоханд?
 

(9-қисмат)

Дин бо маънойи чохорум: ( подош додан ва мужозот кардан)

Аллох таоло мефармояд:

  إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ* وَإِنَّ الدِّینَ لَوَاقِعٌ (ذاریات/۶-۵)

Мусалламан чизики бидон ваъда дода мешавид, рост ва қатъий аст ва рузи жазо (мухосиба ва подош додан ва мужозот кардан) хатман вуқуъ пейдо мекунад ва меояд.

Ё дар жойи дигар мефармояд:

أَرَأَیْتَ الَّذِی یُکَذِّبُ بِالدِّینِ* فَذَلِکَ الَّذِی یَدُعُّ الْیَتِیمَ* وَلَا یَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْکِینِ (ماعون/۳-۱)‏

Касоники ба дин, ва сазо ва жазо иймон надоранд, мефахмики чигуна касониянд? Онон касонияндки ятимро сахт аз пеши худ меронанд. Ва ба хўрок додан ба мискинхо ташвиқ ва тарғиб намекунанд.

Ё дар жойи дигар мефармояд:

 وَمَا أَدْرَاکَ مَا یَوْمُ الدِّینِ* ثُمَّ مَا أَدْرَاکَ مَا یَوْمُ الدِّینِ*یوْمَ لَا تَمْلِکُ نَفْسٌ لِّنَفْسٍ شَیْئًا وَالْأَمْرُ یَوْمَئِذٍ لِلَّهِ (انفطار/۱۹-۱۷)‏

(эй инсон!) ту чи медоники  рузи жазо ( мухосиба ва подош додан ва мужозот кардан) чигуна аст? Рузи астки хеч каси барои хеч каси кори наметавонад бикунад ва аз дасти каси барои каси кори сохта нест, ва дар он руз фармон, фармони худост ва бас, ва кор ва бор куллан ба аллох вогузор мешавад.

Вожайи “дин” дар ин оят ба маънойи мухосиба, қазоват кардан дар мовриди аъмоли инсон, мужозот кардан ва подош додан аст.

Дин ба унвони истелохи жомеъ ва фарогир:

То ба инжо, сухани қуръони карим каламайи “дин” ро бештар ба чохор маънойи роижики аъроб онро мефахмиданд, ба кор мебарад; аммо аз инжо ба баъад, ин вожаро ба унвони истелохи жомеъ ва фарогир барои таъбир аз низоми ба кор мегирадки дар он, шахс ек қудрати хокимиятийи хоссиро бартар аз  тамоми султахо талаққий мекунад; итоат ва пейравий аз дастуротишро бар худиш лозим медонад; дар зиндагий муқайяд ба худуд, қавонин ва қавоиди он султайи бартар аст; бо итоат аз он султа, умиди даст ёфтан ба иззат, пешрафт ва подоши никро дар сар мепарвонад ва бо сарпичий дар баробариш аз зиллат, хори ва оқибати шарри худиш харрос дорад.

(идома дорад…….)

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *