
Дарсхойи муқаддамотий/ дарси аввал: дин чист? Секуляристхо аз мо чи дини мехоханд?
(7- қисмат)
4-Мужозот кардан, подош додан, қазоват кардан, хисоб кардан.
Дар зарбул масалхойи арабий омада астки:
کما تُدینُ تُدانُ.
Яъни: харгунаки бо мардум рафтор куни ба хамон шикл нез бо ту рафтор хоханд кард. Ё аллох мутаол мефармояд:
مَالِکِ یَوْمِ الدِّینِ (فاتحه/4)
Молики рузи мухосиба ва мужозот ва подош аст.
Дар ин сурат, ек араб бо шанидани каламайи дин, чохор маънойи пояий ва асосий дар зехниш шикл мегирифт:
1-Қудрат ва хокимият.
2-Қавонин, худуд ва рох ва равишики мардумони тахти нуфузи ин хокимият аз он пейравий мекунанд.
3-Итоат ва фармонбурдорий аз қудрати хокимият ва қонуники ижро мекунад.
4-Ва дар нихоят мухосиба, қазоват, подош додан ё мужозот кардан.
Дар ин сурат,”дин” яъни мажмуъайи қудрати хукуматийки, бо қавонин ва муқарраротики тасвиб карда шахривандонро ба итоат ва фармонбурдорий аз ин мажмуъа қавонин мажбур мекунад, ва бар асоси мезони итоат ё сарпичий аз ин қавонин ва худуд, онхоро мухосиба мекунад ва ба онхо подош медихад ё онхоро мужозот мекунад.
Ин хамон чизи будки ек араб ва баъадхо ек мусалмони ғейри араб, ба махзи шанидани дин барояш тадоий мешуд ва замоники мегуфтанд: тобеъи фалон дин шу, мефахмидандки чи чизиро мепазирад ба хамин далил огохона онро мепазирофт ё рад мекард.
Алъон биравем суроғи маънийи дин дар қуръон:
Каламайи дин дар қуръони карим бисёр комилтар аз маънойи луғавийи он ба кор рафта ва тўвзих дода шуда астки; муташаккил аз чохор рукни мухим аст:
1-Хокимият ва султайи бартар.
2-Итоат кардан ва пазирофтани султахойики ба воситайи қудрати он хокимият ба вужуд омада аст.
3-Ек низоми фикрий ва амалий, қавонин ва ахкомики ба воситайи қудрати он хокимият ба вужуд омада аст.
4-Подошики қудрати хокимият ва султайи бартар ба афрод, барои пейравий аз он низом медихад ва ё мужозотики дар мовриди харгуна тамарруд ва сарпичий эъмол мекунад.
Қуръони карим, гохи вожайи “дин” ро бар ду маънойи аввал итлоқ мекунад, яъни хокимият ва итоат кардан; гохи нез “дин”ро фақат дар еки аз ду маънойи севум ва чохорум ба кор мебарад яъни қавонин ва ахкоми подош додан ва мужозот кардан, ва дар баъзи маворид хам каламайи “дин”ро ба кор бурда ва хамзамон хар чохор маънойи онро ирода мекунад.
(идома дорад…..)